Ҳамарӯза кормандони масъули раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, вохӯриву мулоқотҳо доир намуда, ба онҳо доир ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории он дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида ба онҳо брошюраҳо тақдим намуда, тавсия медиҳанд, ки бе асос ва маҷбуран ба ин кишвар сафар накунанд, қонунҳои будубоши ин давлатро дидаву дониста вайрон накунанд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, брошюраҳои роҳнамоии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

