Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Прокуратураи вилояти Суғд ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби сардори шуъбаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Шарифзода С., дар толори маҷлисгоҳ бо кормандони дастгоҳи марказии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мулоқоти судманд доир гардид.
Номбурда вобаста ба масъалаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, “Дар бораи танзими чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номгўи ташкилоту ҳаракатҳое, ки бинобар амал баровардани фаъолияти террористӣ-эктремистӣ бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шудааст, инчунин Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузори аз сулҳу субот дар Ватани азизамон суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират ба намояндаи Прокуратураи вилоят барои дастурҳои муфид арзи сипос намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

