Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Патар, деҳаи Патар вохӯрии судманд бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир гардид
Баромадунандагон доир ба падидаҳои номатлуб, терроризму–экстремизм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, интихоби касб, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, қонунгузории нави ФР дар самти муҳоҷират, пешгирии сироятии бемории ВНМО/БПНМ, сил, либоспӯшии фарҳанги миллии бегона (сатру ҳиҷоб аз занону духтарон, ришмонии ҷавонон), муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.
Дар мулоқот Толибова Фарзона – мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати шаҳр, Маҳмудов Баҳодур – мудири бойгони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Ҳоҷиев Фируз – муовини раиси КИ ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Толибова Фарзона оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, кортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар, омодагии пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони руси, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия, тарзи супоридани имтиҳонҳо, гирифтани корти муҳоҷирӣ ва дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, додани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ба касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занҳои хонашин, баромад намуда варақаи иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок тақсим намуд.
Мудири бахши бойгонии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – Маҳмудов Баҳодур оид ба ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, оилаву оиладорӣ ва иштироки фаъолона дар ободонии маҳалла, камнамудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ суханронӣ намуд.
Ҳоҷиев Фируз – муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр вобаста ба пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар назди иштирокдорон баромад намуда, қайд кард ки асоси ҳамаи ин масалаҳои муҳими ҷомеаро, пеш аз ҳама тарбияи оила ва ҳидояти дурусти падару модар, тарбияи омӯзгор ташкил медиҳад.
Баромадкунандагон вобаста ба самтҳои фаъолияташон, аз ҷумла омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонон, пешгирии ҷинояткории занон, тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳлилу андешаҳои судманд намуданд.
Марказ матбуоти Хадамоти муҳоҷират

