Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон дар маҳаллаи Сомониёни шаҳр бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур иштирокдорон оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар суханронии худ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон Каримов Ҷ., қайд намуд, ки дар чунин ҷомеаи пуртазод дар сурати доман паҳн кардани терроризму экстремизм, инчунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ моро зарур аст, ки баҳри ҳифз ва нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату осудагии мамлакат аз ҳар як сокини кишвар масъулияти бештар тақозо менамояд.
Ҳамчунин бо сокинон ва хешовандони муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавонон таъкид бар он оварда шуд, ки мо ҷавононро зарур аст, ки дар ҷаҳони имрӯзаи пуртазод бояд зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надода, барои ҳифз ва нигоҳ доштани пояҳои давлатдориамон, инчунин баҳри ҳимояи Ватани азизамон ҳамеша кӣшиш ба харҷ диҳем.
Дар охири чорабинӣ ба саволҳои сешумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуда, ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ маърифатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

