Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик вохӯрии судманд бо сокинони деҳаи Қушқия Ҷамоати деҳоти Кушктеппа баргузор гардид.
Баромадкунандагон оид ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мубориза ва пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва ҳифз намудани сулҳу субот, эҳсоси баланди масъулият дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ, боло бурдани ҳисси баланди худшиносӣ, бо дарки мардум фаҳмонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус динидошта, тоза кардани имону эътиқоди дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, муҳоҷирати бехатар, омилҳои асосии таълиму тарбияи фарзандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, фарҳанги бегонапарастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон, сухан ронда, таъкид намуданд, ки мо бояд дастовардҳои бузургтарин-озодиву Истиқлол, ки бархе аз душманони миллат мехоҳанд бар пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна зананд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоем.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафаров ба маълумоти сокинон расонид, ки аз 1 марти соли 2026 тибқи Қонуни Федеролии № 419-ФЗ аз 17.11.2025 рӯйхати асосҳо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ васеъ карда шуд.
Аз санаи зикршуда корфармоён ҳуқуқ пайдо карданд, ки шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ дар ҳолате бекор намоянд, ки агар субъекти Федератсияи Россия нисбат ба намуди муайяни фаъолияти меҳнатии онҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.
Қаблан Кодекси меҳнатии Федератсияи Россия танҳо дар ҳолати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар сатҳи федералӣ имконияти қатъ намудани шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ пешбинӣ мекард. Тағйиротҳои воридшуда ин рӯйхатро бо асосҳое, ки ба қарорҳои мақомоти давлатии субъектҳои Федератсияи Россия вобастаанд, пурра менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки аз соли 2015 субъектҳои Федератсияи Россия ҳуқуқ доранд ҳамасола нисбат ба ҷалби кормандони хориҷие, ки ба Федератсияи Россия дар низоми бидуни раводид ворид шуда, дар асоси патент фаъолият мекунанд, барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ маҳдудият муқаррар намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

