Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бехатарии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар”, пайваста роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар рафти мулоқот бо шаҳрвандон қайд намуданд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Ҳамзамон, дар мулоқот бо шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки ҳар нафаре, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мебарояд, ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст. Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират бояд донанд, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошанд ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намоянд.
Бо назардошти ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо ҳамкорӣ намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

