Бахшида ба Рӯзи модар имрӯз, 6-уми марти соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” чорабинии идона баргузор гардид.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, иброз намуд, воқеан, зан – модар фариштаи осмонӣ, сарчашмаи рӯзгори бани башар, дурдонаи офариниш, хуршеди меҳровару дилнавоз ва устоди нахустини зиндагии инсон мебошад. Саодати зиндагӣ дар вожаҳои поку муқаддаси “Зан” ва “Модар” нуҳуфтааст. Дуои неки модар боли бузурги парвоз ба сӯйи музаффариятҳост.
Зан – модар тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус тоҷикон хеле баланд аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки: “Нақш ва мақоми зан – модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан – модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад”.
Дар идома Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, қайд карданд, дар даврони соҳибистиқлолии Ватан таъсис додани грантҳои ҳукуматӣ барои фаъолияти пурмаҳсули занон дар соҳаҳои гуногун, квотаҳои президентӣ барои духтарони деҳоти дурдаст ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, стипендияҳои президентӣ ва “Дурахшандагон” барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, сохтмону бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагию бофандагӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯдухтарон, ташкили маҳфилҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои судманд далели возеҳи дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоии занону духтарон мебошад.
Дар навбати худ, раванди рӯзафзуни инқилоби илмию техникӣ тақозо менамояд, ки бояд ҳамаи мо – ҳам мардону ҳам занон шахсони ҳаматарафа инкишофёфта, босавод, соҳибмаърифату фарҳангӣ, эҷодкору худшинос, номбардори миллат ва кишвари соҳибистиқлоли худ бошем, – иброз доштанд Нодирзода Иматшо.
Инчунин, дар ҷамъомад чанде аз кормандони Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, нақш ва мақоми занон дар ҳифз, рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ бонувони Хадамоти муҳоҷират бо тӯҳфаҳои хотиравӣ таъсиснамуда қадрдонӣ шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
