Бо ҳадафи тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим бо ҳифзи фазои табиӣ, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофӣ коргоҳ имрӯз, санаи 7 марти соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Хадамот маъракаи шанбегӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ, ки заминаи рушди зиндагии солим ва ҳифзи табиат нарм намудани бехи дарахтони мевадор ва сояафкан маҳсуб меёбад, доираи васеъи кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ҷалб карда шуда, ба ҳадде нақши худро дар шукуфоии хиёбонҳои пойтахти кишвар гузоштанд.
Чунин корҳои ободонӣ бо мақсади тозагии атрофи бино ва дохили Хадамоти муҳоҷират дар дигар манотиқи шаҳру навоҳии мамлакат низ имрӯз баргузор гардиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
