Ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ишкошим, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими стратегӣ ва барномавии рушди давлат ба ҳисоб меравад, вохӯрии саривақтӣ бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва устувории давлатро дар бар мегирад. Таҳлили илмии Паём имкон медиҳад, ки роҳҳои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ ва рушди устувори ҷомеа муайян карда шаванд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳими ҷомеа, хосатан даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби онҳо ба озмунҳои фаннӣ ва дигар озмунҳои гуногуни кишвар, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлативу миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ сухан рафт.
Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия махсус қайд намуд, ки вақтҳои охир ҳолатҳои рад кардани вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия дар гузаргоҳҳои сарҳадии фурудгоҳҳои шаҳри Москва зиёд гардидаанд. Бо назардошти ин, ба сокинон тавсия дода шуд, ки сафари худро пешакӣ ба нақша гирифта, пеш аз парвоз ҳатман аз замимаи “Госуслуги RuID” барои гузаштан аз бақайдгирии рақамӣ ва пешниҳоди ариза барои сафар ба Россия истифода намоянд.
Ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки аз 1 июли соли 2026 истифодаи замимаи “Госуслуги RuID” барои бақайдгирии пешакии рақамӣ ҳангоми ворид шудан ба Россия барои шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми бераводид ҳатмӣ мегардад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки истифодаи ин хизматрасониро аз ҳозир оғоз намоянд, то ҳангоми убури сарҳад аз мушкилоти эҳтимолӣ пешгирӣ карда шавад.
Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки пешакӣ ба Намояндагии ХШР ВКД-и Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, воқеъ дар дохили бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, муроҷиат намоянд. Дар Намояндагӣ шумо метавонед тартиби ҳатмии дактилоскопияро гузаред, инчунин маълумотнома дар бораи мавҷуд ё набудани маҳдудият барои ворид шудан ба Федератсияи Россияро дастрас намоед. Ин иқдом ба шумо имкон медиҳад, ки набудани монеаҳоро пешакӣ санҷида, сафари худро бо итминон бештар ба нақша гиред.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

