Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ дар Ҷамоати деҳоти Водхуд деҳаҳои Лугад, Лахш ва Узбай дар якҷоягӣ бо намояндагони КДАМ, КИ ҲХДТ дар ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, инчунин омодагӣ ва иштироки фаъолонаи мардум ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни чорабиниҳо ба сокинон аҳамияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби мардонагиву шуҷоат ва қарзи шаҳрвандӣ фаҳмонида шуда, даъват ба ҳамгироӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ баён гардид.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия бори дигар оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират сухан ронда қайд карданд, ки шахсоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар доранд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои аниқ диҳанд.
Пеш аз сафар ба ин кишвар забони давлатии онро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишварро риоя намоянд. Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаромӯш накунанд.
Корҳо дар ин самт идома дошта, ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

