Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳимми сол ва дурнамои Соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ аз нигоҳи амният хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо истисно намебошад.
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Паёмадҳои амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст. То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд. Чунин муносибат сабаб гардидааст, ки бархе ҷавонон аз таҳсилу касбомӯзӣ дур монда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.
Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зидди ҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 35 – солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад. Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Аз ин рӯ, кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.
Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд.
Камолзода Саид,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

