Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷо бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, минтақавиии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Филиали МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” вохӯрии навбатиро бо шаҳрвандони корҷӯй ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар маҳаллаи Борбади шаҳр баргузор намуданд.
Баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои бакортаъминкунии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар дохили кишвар, шароити кор, вазъи иҷтимоӣ, музди маош дар иншоотҳои сохтмонӣ ва саноатӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба кор қабул шудан маълумоти муфассал доданд.
Инчунин, оид ба масъалаи ба кор ҷалб намудани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва талаботҳо ба шахсоне, ки азми сафар доранд, аз ҷумла донистани забони кишвари қабулкунанда, вазъи саломатӣ, надоштани доғи судӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, баромадкунандагон ба ҷамъомадагон вобаста ба ҷойҳои кории холӣ дар ташкилоту корхонаҳои шаҳри Кӯлоб, шароити корӣ ва музди маош дар ҶСК “НБО” Роғун маълумоти зарурӣ доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби Филиали МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ба ҷамъомадагон дар бораи шароити касбомӯзӣ, теъдоди ихтисосхои омӯхташаванда, муҳлати таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат, ба тариқи валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ соҳибихтисос шудан маълумот пешниҳод гардида, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки бе хараҷоти зиёд ба Маркази номбурда муроҷиат намуда соҳиби касби дилхоҳашон шаванд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнати ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, зарур будани доштани касбу кори мувофиқ, тарзи дуруст бастани шартнома бо корфармоён, зарурати патент ва дигар мушкилоти муҳоҷират маълумоти зарурӣ пешниҳод намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

