• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Роҳҳои муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ

Migration Service by Migration Service
10.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Роҳҳои муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷомеаи башарӣ дар шароити имрӯза гирифтори мушкилоти зиёде аст, ки рушди терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи он масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рӯз мебошанд. Терроризм ва ифротгароӣ тамоми ҷомеаҳоро фаро гирифта, бо истифода аз абзорҳои мухталиф кӯшиш бар он доранд, ки таъсир ва нуфузи худро боло баранд ва бо ин роҳ мақсадҳои манфури хешро амалӣ созанд.

Нерӯҳои созандаи аҳли башар дар шароити кунунӣ бар он мекӯшад, ки таъсир ва нуфузи созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароиро ба мардум ва ҷомеаҳо кам намоянд ва ба нестӣ расонида бошанд. Яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи неруҳои муборизабаранда бо терроризм ва ифротгароӣ ин кам намудан ва ё пешгирӣ намудани таъсири ин гурӯҳҳо ва созмонҳо дар фазои маҷозӣ мебошад, ки имрӯз аксари мардуми башар дар он ҳузур доранд. Саволи асосӣ дар ин маврид он буда метавонад, ки чи гуна метавон таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароро дар фазои маҷозӣ кам намуд ё худ шаҳрвандони худро аз гирифторияшон дар доми гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар ин фазо боздошт?

Чи хеле ки қайд намудем, созмонҳои террористӣ ва ифротгаро аз тамоми имконе, ки доранд барои мустаҳкам намудани мавқеи худ истифода мекунанд. Аз он ҷумла, дар шароити имрӯза фазои маҷозӣ ё интернет ба майдоне табдил ёфтааст, ки чунин созмонҳо ва гурӯҳҳо бо лаҳну шеваи мухталиф дар он фаъолият мебаранд.

Дар даҳсолаҳои охир Интернет чун абзори муҳими пайванд ва иттилоотрасонӣ таваҷҷуҳи васеи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароро ба худ кашидааст, то бо пайравон ва мухотабони худ дар алоқа қарор гирифта бошанд. Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар замони муосир ба таври васеъ аз интернет истифода мекунанд. Аз он ҷумла террористон ва ифрогароён дар фазои маҷозӣ ҷанги равонӣ мебаранд, иттилооти зарурияшонро ҷамъ меоваранд, дигаронро дар заминаи андешаҳо ва мақсадҳои худ омӯзиш медиҳанд, кӯмаки молӣ меҷӯянд ва меситонанд, тарғибот мебаранд ва дигаронро ба фаъолияташон ҷалб менамоянд, шабака месозанду нақша мекашанд ва ҳатто амали террористиро ҳамоҳангсозӣ мекунанд. Дар умум дар шароити имрӯза шабакаи интернет барои созмонҳои террористию ифротгаро чун як василаи хуби таъсиррасонӣ ба дигарон гаштааст.

Чи хеле ки мушоҳида мегардад, дар шароити кунунӣ Интернет дар баробари хубиҳо ва истифодаи самараноки он ҳамчунин абзоре барои паҳну пахши маводи мӯҳтавои фаҳшдошта ва террористию ифротгароӣ баромад мекунад. Гурӯҳҳои дорои мақсадҳои мухталифи сиёсӣ аз он ҷумла гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро пас аз зуҳури Интернет имкониятҳои ин шабакаи иттилоотии ҷаҳониро барои паҳн намудани андеша ва таблиғи худ, пайванд бо пайравону ҳаммаслаконашон, огоҳии ҷомеа аз мавқеъгирияшон истифода мекунанд.

Созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар шароити имрӯза аз имкониятҳои интернет барои ҷалби аъзову пайравон ва сафарбаркунии онҳо ба амалҳои террористӣ васеъ истифода менамоянд. Интернет дар шароити имрӯза чун абзори муҳими сафарбаркунӣ барои террористон баромад менамояд. Ҷалбкунандагон барои ҷалби нафарони нав ба гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз чатхонаҳо, паёмрасонҳо, фиристодани мактуб ба суроғаҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет васеъ истифода намоянд. Истифодаи интернет ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро чунин шароитеро фароҳам намудааст, ки шабакаҳои худро ташкил дода бошанд ва ё бо дигар гурӯҳҳои ҳамақидаи худ пайвандро барқарор созанд. Фазои маҷозӣ барои чунин гурӯҳҳо пайванди мусоидро фароҳам намудааст.

Дар умум масъалаи муқовимат ба нуфузи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ дар шароити имрӯзаи рушди технологӣ ва дастрасии васеи мардум ба интернет хеле муҳим ва ҳалталаб шудааст. Масъалаи мазкур омӯзиш ва баррасии ҳамаҷонибаро талаб мекунад. Дар шароити кунунуӣ моро зарур аст, ки чеҳраи манфури созмонҳои террористӣ ва ифротгароиро дар фазои маҷозӣ ошкор намоем ва насли имрӯзаву ояндаро аз шарри онҳо эмин нигаҳ дошта бошем.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Бохтар

Next Post

Пешгирии коррупсия кӯшишҳои бардавомро талаб менамояд

Next Post
Пешгирии коррупсия кӯшишҳои бардавомро талаб менамояд

Пешгирии коррупсия кӯшишҳои бардавомро талаб менамояд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.