Яке аз нишонаҳо ва рукнҳои пойдорӣ, пешрафт ва шукуфоии давлату миллат ва муаррифгари он дар арсаи байналмилалӣ аз Истиқлоли давлатӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ замина гирифта, миллату давлатро пайваста ҷовидон нигоҳ медоранд. Бахусус, раванди ҷаҳонишавӣ, ки дар ҷаҳони муосир босуръат идома дорад, аз ҳар давлати миллӣ тақозо менамояд, ки баҳри нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ ғоя ва худшиносии миллиро тақвият бахшад.
Гуфтан зарур аст, дар ҷаҳони муосир, хусусан дар шароити имрӯза, ки терроризм ва эктремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба зуҳуроти мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст, ба тамоюли бегонапарастӣ ва фарҳанги бегона майл намудани ҷавонон, занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба чашм мерасад. Миллате, ки худшиносӣ ва ҳувияти ватандориро такмил намедиҳад, ботадриҷ маҳв гардида, истиқлолияти хешро низ аз даст меиҳад. Таърих ин гуна мисолҳоро зиёд дар хотир дорад.
Аз ин ру, ба мо, кормандон зарур аст, ки ба хотири пойдорӣ ва устувории Истиқлоли давлатӣ дар замири шогирдон ва ҷавонони хеш худогоҳи дар фардияти ҳар шахс боиси аз байн бурдани худшиносии миллӣ мегардад ва шахси ноогаҳ мисли кудаке, мебошад, ки аз воқеият дур буда, моҳияти аслии ҳаводиси руҳдодаро дарк карда наметавонад. Ташаккули худшиносӣ дар фард вобаста аст ба он ки шахс бо таърихи гузаштаи аҷдодии хеш то кадом сатҳ ошноӣ дорад. Маълумоти кофӣ доштан аз таърихи гузашта дар шахс худшиносиро ба вуҷуд оварда, ҳувияти ватандориро қавӣ мегардонад.
Маълум аст, ки бе чунин ғамхорӣ ба Ватану миллат ва ҳифзи соҳибистиқлолии кишвар ягон халқу миллат ҷавҳар ва асолати худро маҳфуз дошта наметавонад ва ботадриҷ дар гирдоби таърих бе ному нишон мешавад. Ру овардан ба арзиш ва анъанаву суннатҳои миллӣ маҳз дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият барои миллати тоҷик муяссар гардид. Амалигардонии ин вазифаи муҳим ва айни ҳол зарурӣ маҳз дар натиҷаи амиқ омӯхтани таърихи пурифтихори гузаштагон ва хидмати онҳо дар пешбурди фарҳангу тамаддуни башари муяссар хоҳад гардид. Ватанро самимӣ ва баробари ҷони хеш дуст доштан, ватандӯсту меҳанпарастӣ воқеӣ будан, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо овардан барои ҳимояи сарзамини аҷдоди ҳамеша омода будан, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу руз пайваста талош варзидан ва Тоҷикистони маҳбубу биҳиштосои худро ба як кишвари пешрафта ва шукуфо ба ҷаҳониён муаррифи кардан вазифаи виҷдонӣ, инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус мебошад.
Имрӯз, ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом суйиистифода намуда, даст ба қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд. Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.
Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам аз омилҳои зиёде, аз ҷумла, захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони мо ҳамчун қишри бонуфӯзи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Мо ақли солим андеша намоем, кишвари мо биҳишти рӯи замин аст. Барои он ки фарзандони мо оянда хушбахту фараҳрӯз бошанд, мо бояд ҳамдилона аз як гиребон сар бароварда, аққалан барои ба роҳи гумроҳ нарафтани наврасу ҷавонон саҳми худро гузорем. Сулҳу субот ягона меҳварест, барои зиндагии шоистаи мардум.
Бобокалонова З,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон

