Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар Ҷамоати деҳоти Яхтан вохӯрии саривақтӣ бо сокинону фаъолони деҳаи Даштикон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, оид ба татбиқи стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия, оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва рафти амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” гузаронида шуд.
Мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират оид ба муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳонид, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро риоя намуда, бо ҳамроҳии худ аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоянд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тағйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба сокинон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

