Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро заминаи асосии бунёди давлати соҳибистиқлоли худ қарор дод. Мутобиқи қисми сеюми моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандон нигаронида шудааст. Таъмини некуаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст.
Барои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати танзими ҳуқуқии ҷашну маросим ба вуҷуд омад. Бо пеш омадани зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав аз 20 июни соли 2024, №2048 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо татбиқ мегардад.
Ба ин хотир Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, эҳтироми қонунҳо ва риояи талаботи онҳо, инчунин шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки кормандон вохӯриҳо доир мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.
Дар Хадамоти муҳоҷират Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросим амал менамояд, ки ҳангоми гузаронидани ягон намуди маърака дар дафтари “Сабти ҷашну маъракаҳои Хадамоти муҳоҷират” ба қайд гирифта шуда, ҳатман ду рӯз пеш аз баргузории маъракаи худ барои пешгирии қонуншиканӣ ва аз худ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби аъзоёни Комиссияи фаҳмонида мешавад.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронда мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

