Забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, пойдевори мустаҳками миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошад.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунё буда, дар гузашта бо номҳои форсӣ, форсии дарӣ маълум буд. Забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо на танҳо забони мардуми форсинажод, балки забони расмии давлати муғулнажодону турктаборон дар Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ, Туркия ва дигар мавзеъҳо ба таври васеъ мавриди корбурд қарор дошт.
Забони тоҷикӣ то ин дам “…ҳамчун оина кулли тағйироту таҳаввулоти ҷамъиятро дар худ инъикос карда, баробари пешрафти он рушд намудааст”.
Таърих собит намудааст, ки дар баробари аз миён рафтани ин ё он давлат забони расмии он низ аз доираи истеъмол баромадааст ва дар заминаи забони мардум ё забони ғолибомада забони дигари давлатӣ пайдо шудааст. Дар мавриди аз байн рафтани ҷамъият забони он низ аз миён хоҳад раафт, аммо осори хаттии ин ё он давраи таърихии забон боқӣ хоҳад монд. Дар асоси манбаъҳои хаттии мавҷуда таърихи забонро омӯхтан мумкин аст. Сарчашмаҳо ба мо дар бораи таърихи сеҳазорсолаи забони тоҷикӣ маълумот медиҳанд, ин забон дар осори хаттӣ бо номҳои мухталиф-порсӣ ё форсӣ, дарӣ ёд шудааст.
Имрӯз забони тоҷикӣ дар байни дигар давлатҳои дунё мавқеи хоса дорад. Дар ҷаҳон аз рӯйи таҳлилҳои забоншиносон беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ҳамчун забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни забонҳо забони модарии мо – забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Раҳмон дар асарашон “Забони миллат – ҳастии миллат” дар робита ба масъалаи мазкур чунин таъкид кардаанд: “Назар ба воқеиятҳои ҷорӣ, ба андешаи мо, номи расмии забони давлатии мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон “забони тоҷикӣ” ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст.
Он ба монанди аксарияти забонҳои дунё баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо Тоҷикистон мебошад”.
Соҳиби истиқлоли комили сиёсӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик давраи нави тақдирсозе буд, ки барои рушди фарҳангу забони миллӣ шароити мусиде фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чеҳраи хоси фарҳангии худ ба ҳайси давлати миллӣ ба арсаи муносиботи байналхалқӣ ворид гардида, бо роҳи инкишофи ботадриҷи иқтисодию иҷтимоӣ қадам ба қадам ба сӯи рушд ва бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гом мебардорад. Барои рушди босуботи иқтисоди миллӣ замина ва шароити мусоид ба вуҷуд омада, баҳри боло бурдани сатҳи зиндагии мардум шароити муайяне фароҳам омад.
Имрӯз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва василаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии ҷанбаҳои фарҳангию маънавии давлатсозӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, тақвияти нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар басо чашмрас ва ҳадафманд ба назар мерасад.
Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
