Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират вохӯрию суҳбатҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯриҳо ба шаҳрвандон вобаста ба навовариҳо ва тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия маълумоти муфассал пешниҳод мегардад. Аз ҷумла, иштирокчиён оид ба тартиби дурусти сафар, қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ, фаъолияти меҳнатӣ, гирифтани иҷозатномаҳо ва дигар талаботи ҳатмии қонунгузории кишвари қабулкунанда, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд.
Ҳамзамон, кормандони масъул ба саволҳои сершумори шаҳрвандон ҷавоб дода, машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод намуданд. Таъкид карда шуд, ки риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ омили асосии пешгирии қонунвайронкунӣ, ҷарима, ихроҷ ва маҳдудиятҳои минбаъда барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия мебошад.
Мақсад аз баргузории чунин вохӯрию суҳбатҳо пешгирии ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирати бехатар ва қонунӣ ба ҳисоб меравад.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома ёфта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои дахлдор дар самти муҳоҷират мусоидат хоҳад намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
