Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан вохӯриҳои иттилоотӣ – маърифатӣ бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар мубориза бо бемориҳои сироятӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои хориҷа, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии занон, инчунин ҷалби муҳоҷирони меҳнатии воридшавиашон манъгардида ба НБО “Роғун” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират таваҷҷуҳи сокинонро оид ба риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва меъёрҳои интизоми меҳнат ба ҳозирин шарҳ дода шуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби ҷомеъа, аз он ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, инчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

