Хариду фурӯши одамон ва истисмори онҳо яке аз самтҳои асосии муборизаи мақомотҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи имрӯзаро ташкил медиҳад. Бисёр вақт мушоҳида менамоем, ки бо вуҷуди пешрафти илму технология ва дигар арзишҳои инсонӣ, истисмори одамон барои касби даромад, аз қабили хизматрасониҳои маҷбурии ҷинсию шаҳвонӣ, корҳои тоқатфарсои бемузд ҳамчун ғулом, гирифтани узву бофтаи инсон ва ғайраро дар бар мегирад. Инро ҳам бояд зикр кунем, ки истифодаи инсонҳо аз ҷониби дигарон ба манфиату ҳадафҳои муғризонаи ҷиноии хусусӣ барои истисмор ҳаммонанди қочоқи маводи мухаддир яке аз даромадноктарин ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки зарари падидаи мазкур иқдомҳои ҷиддӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо онро тарҳрезӣ ва амалӣ карда истодааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки яке аз омилҳои асосии ба миён омадани чунин зуҳуроти номатлуб иттилои кам ва маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон маҳсуб мешавад. Дар ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, чӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамоҳангӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ тадбирҳои муайян андешида мешаванд. Имрӯз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои инкишофи рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти фитрии шаҳрвандон шароиту имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба зуҳуроти номатлуб ва нанговари савдои инсон чораҳои зиёде андешида шуда, ҷиҳати пешгирии он ва ҳолатҳои ба он мусоидаткунанда мубориза бурда мешавад. Қабул ва амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” низ аз ҷумлаи чунин тадбирҳост. Дар ин замина ба таври доимӣ муколамаҳои зиёде роҷеъ ба муқовимат бо савдои одамон бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва созмонҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва дигар ниҳодҳо доир гардиданд. Ҳадафи ташкили чунин муколамаҳо расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин гуна зуҳурот дар ҷомеа ба шумор меравад.
Чунонки маълум аст, хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айни ҳол унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҷтимоию иқтисодии онҳоро дар пай дорад, эътироф гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроте, ки дар самти риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои инсон халал ворид мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин буд, ки ҳанӯз соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули нахустин Конститутсияи худ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд ва он дар моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало дарҷ ёфтааст.
Қобили қайд аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ роҷеъ ба пешгирии омилҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ пайваста таъкид менамоянд. Зуҳуроти ношоистаи савдои одамон, ифротгароии динӣ ва дигар падидаҳои номатлуб имрӯз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Иддае ғаразу манфиатҳои муғризонаи худро бо суистифода аз дини мубини ислом амалӣ месозанд, ки қобили қабул нест. Тавре ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Зарур аст, ки ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд”.
Дар охир мувофиқи мақсад дониста мешавад, то коршиносону мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати рушди маърифатнокии шаҳрвандон бо роҳҳои соддаву оммафаҳм маводҳои таҳлилӣ ба сурати китобчаҳои ҷайбӣ ва рӯимизӣ омода намоянд. Ин иқдом, ба тадриҷ боиси огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқу озодиҳои худ шуда, заминаро барои кунд кардани рушди чунин амалҳои номатлуби зиддиинсонӣ муҳайё мекунад.
Сайфуддинов Фирдавс,
Мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷират
