Бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, пешгирии таҳдидҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар Ҷамоати деҳоти Пулотон деҳаи Равот мулоқоти судманд бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта баргузор гардид.
Масъулин оид ба масъалаҳои мубрами руз, аз ҷумла пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиӯон, муқовимат бо тамоюлҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқиву сиёсӣ, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муқовимат бо савдои одамон, пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаи будубош дар Федератсия Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ, риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷойи кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд ва барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои касбомузӣ муроҷиат намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати таъмини ҳамкории минбаъдаи сохторҳои дахлдор бо сокинон ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта пешниҳодҳои мушаххас ироа гардида, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ барои пешгирии омилҳои номатлуб ва тарбияи шоистаи насли ояндасоз махсус таъкид карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

