• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Либоси миллӣ – мероси фарҳангии тоҷикон

Migration Service by Migration Service
17.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Либоси миллӣ – мероси фарҳангии тоҷикон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Либоси миллӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳангии ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик низ дорои либоси миллии зебо, рангоранг ва пурмаъно мебошад, ки таърихи чандинҳазорсола дорад. Либоси миллӣ на танҳо василаи пӯшидани тан, балки нишонаи фарҳанг, тамаддун, зебоипарастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Аз замони қадим тоҷикон ба зебоӣ ва нафосат аҳамияти махсус медоданд. Инро мо дар нақшу нигори матоъҳо, гулдӯзиҳо ва тарзи духти либосҳо мушоҳида карда метавонем. Чакан, атлас, адрас ва дигар навъҳои матоъҳои миллӣ имрӯз ҳам маҳбубияти худро гум накардаанд. Хусусан чакан, ки бо гулҳои рангоранг ва рамзҳои офтобу табиат оро дода мешавад, ифтихори занони тоҷик ба шумор меравад.

 Либоси миллии занона одатан аз курта, поҷома, руймол ва баъзан тоқӣ иборат аст. Онҳо бо рангҳои дурахшон ва гулҳои зебо фарқ мекунанд. Либоси миллии мардона бошад, аз курта, шалвор, ҷома ва тоқӣ иборат аст. Тоқии тоҷикӣ низ рамзи хос дошта, ҳар минтақа услуби махсуси худро дорад. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳёи либоси миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва идораҳо рӯзҳои махсуси “Либоси миллӣ” баргузор мегарданд. Ин иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги мусоидат мекунанд.

Дар замони муосир низ либоси миллӣ аҳамияти худро гум накардааст. Баръакс таваҷҷуҳи мардум ба либоси миллӣ бештар шудааст. Имрӯз бисёр тарроҳони тоҷик унсурҳои либоси миллиро бо либосҳои муосир муттаҳид мекунанд. Ин барои нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон аҳамияти калон дорад. Пӯшидани либоси миллӣ ифтихор аст. Вақте мо либоси миллии худро ба бар мекунем, мо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои аҷдодии худро эҳтиром менамоем. Ҳар як ҷавондухтар ва ҷавонписар бояд аз фарҳанги худ огоҳ бошад ва барои ҳифзу рушди он саҳм гузорад.

Либоси миллии тоҷикон яке аз арзишҳои муҳими фарҳангии миллат мебошад. Он таърихи чандинсола дошта, ҳунар ва зебоии мардуми тоҷикро инъикос мекунад. Ҳифз ва эҳтироми либоси миллӣ барои нигоҳ доштани фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ хеле муҳим аст. Аз ин ру, ҳар як шахс бояд ба либоси миллӣ эҳтиром гузорад ва онро ҳамчун мероси гаробаҳои фарҳангӣ нигоҳ дорад.

Ахмедҷонова Волида,                                                                                          

Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират  дар шаҳри Хуҷанд

Previous Post

Мулоқоти  судманд бо сокинони шаҳри Конибодом

Next Post

Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ

Next Post
Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ

Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.