• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост

Migration Service by Migration Service
17.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

  Либоси миллии тоҷикӣ таърихи бисёр қадима дошта, аз насл ба насл ба мерос мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки занон – модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.

Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, магар ягон нуқсоне дорад?”.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа баъзе аз занону духтарон ба фарҳанги бегона тақлид намуда, либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷик бегонаро ба бар мекунанд, ки чунин рафтори онҳо қобили қабул намебошад. Чунки мардуми моро ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар навбати аввал аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд. Аз ин рӯ, мо занону бонувон мувофиқа бо фарҳангу тамаддуни хоса ба тақлидкориву бегонапарастӣ роҳ надиҳем, дарвоқеъ, миллати тоҷик унсурҳои миллии хоси худро дорад. Ба бар намудани либоси миллӣ аз кас маҳорат ва маърифату фарҳанги хосро талаб мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки худшиносии миллӣ аз донистани таърих, эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва арзишҳои миллӣ оғоз меёбад. Ҷавоне, ки таърихи миллаташро медонад, ба забони модариаш арҷ мегузорад ва фарҳанги худро пос медорад, ҳеҷ гоҳ зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор намегирад. Либоси миллӣ рамзи ҳувият ва ифтихори тоҷикон мебошад. Бегонапарастӣ бошад, на танҳо ба фарҳанг, балки ба шаъну шарафи миллат низ зарар мерасонад. Миллате, ки фарзандонаш фарҳанги худро қадр намекунанд, дар оянда бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад. Зеро миллат бе фарҳанг мисли дарахтест, ки реша надорад. Албатта, шинохтани фарҳангҳои дигар кори хуб аст. Мо бояд аз таҷрибаи миллатҳои дигар омӯзем, аммо набояд фарҳанги худро фаромӯш кунем. Омӯзиш бояд бо эҳтиром ба асолати миллӣ ҳамроҳ бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстӣ шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Ин арзишҳо бояд дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар тарзи либоспӯшӣ низ инъикос ёбанд. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тули қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.

Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.

Либоси миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфият пайдо мекунад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои мӯд ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки либоси миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Ин намоишҳо на танҳо зебоии либоси миллиро нишон медиҳад балки фарҳанг ва таърихи бою пурғановати тоҷиконро низ таҷассум мекунанд.

Либоси миллии тоҷикӣ ганҷи бебаҳои миллатӣ мост. Он таърих, фарҳанг, завқи зебоишиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷиконро дар худ таҷассум мекунад. Ҳифз, омӯзиш ва тарғиби либоси миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад, зеро миллате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад, ояндаи дурахшон дорад.

Мухамедҷонова Парвина,

Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва банақшагирӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Ҷаҳонишавӣ ва равнақёбии таассуби диню ифротгароӣ

Next Post

Машғулияти идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Машғулияти идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Машғулияти идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.