• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад

Migration Service by Migration Service
18.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад, ки аз умқи қарнҳо то ба даврони мо расида, бо хусусиятҳои хосу рамзҳои ҳакимонааш бо руҳи таърихии миллати шарафманди тоҷик пайвандии амиқу дақиқ дорад. Сарчашмаҳои бостонӣ Наврӯзро ҳамеша бо исми “Наврӯз” ёд кардаанд ва то имрӯз дар ҳар гӯшаи олам онро бо номи тоҷиконаи “Наврӯз” мешиносанд ва истиқбол мекунанд ва эътимод доранд, ки истиқбол аз Наврӯз баракат дар кору зиндагии инсоният мебошад. Дар баробари идҳои Сада ва Меҳргон, Наврӯз низ яке аз идҳои қадимаи суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, фарорасии он ба нимаи дуюми моҳи март рост меояд, ки дар ин айём баробаршавии шабу рӯз ба назар мерасад. Ин ид аз бедоршавии табиат, фасли шукуфоӣ, фаслу умеду орзуҳо, инчунин аз омад-омади баҳори ҳуҷастапай дарак медиҳад.

Дар ин иди баҳори зебоӣ, яъне наврӯзи ҳуҷастапай, мардуми сарбаланди тоҷик бо густурдани хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, тозаву озода намудани хонаву кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва гулбуттаҳо машғул шуда, ҳамдигарро ба омадани ин иди накӯпай муборакбод менамоянд. Ҳамзамон, ҳамдигарро барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳ даъват намуда, баҳри бофайзу баракат омадани боз як соли дигар сари хони наврӯзӣ даст бар дуо мебаранд. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар гузаштаи начандон дур ҷашн гирифтани иди Наврӯз қариб, ки аз байн рафта, оинҳои он амалӣ карда намешуданд. Ҳамзамон, давлатҳое низ буданд, ки ин иди аз ниёгон меросмондаро фаромӯш карда, ҷашн намегирифтанд. Бо азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё шуда, акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳатто ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди боимони мост, ки моро сари дастурхони Наврӯзӣ ба ҳам меорад. Наврӯз барои мардуми тоҷик рамзи файзу баракат, эҳёи табиат ва замин аст, ки ҷузъи асосии табиат буда, бо шарофати Наврӯз сабзу хуррам гардида, ризқу рӯзии бандагонро фаровон мегардонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии қалбии худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз чунин иброз доштанд, кӣ: “Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем”. Наврӯз зеботарин ҷашни таърихии мардуми ориёнтабор аст. Ба дасту дили поку беолоиш, тозаруҳу бедарду беандуҳ кору пайкор намудан, бо ободиву шукуфоии Ватани азиз саҳм гузоштан, ин низ яке аз оинҳои наврӯзист.

Имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи ҳуҷаста бо шаҳомату шукуҳи ориёӣ истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиямонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ мубаддал гардондаем. Зеро ба фарқ аз манотиқи дигар, расму оин, суннатҳои нек, анъанаҳо, дастурхону хуришҳо ва базму нишоти Наврӯзӣ дар кишвари мо бештар бо асолати фарҳангӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳикмати аҳуроии Наврӯз пайвандӣ дорад.

Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Мо имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва руҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем. Зикр менамоям, ки Наврӯз дар саргаҳи ҳама гуна ҷашнҳо қарор дорад ва бар ҳама тантанаҳо афзалият касб карда, бо омадан ва нафаси гарму руҳафзояш одамон руҳи тоза дармеёбанд ва рӯи хоки гарму нарм ҳастии хешро амиқ эҳсос мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардида буд дар он зикр намуданд, кӣ: “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”. Хушбахтона, имрӯз ин ҷашни бузург аз маҳдудаҳои ҷуғрофӣ гузаштаву бо талошу заҳматҳои мондагори Сарвари маҳбуби кишварамон ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Мо аз ин таҳаввулоти бузург ифтихорманд ҳастем ва инро бо камоли масъулият дипломатияи хиради Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қудрати волову ҳикматофари Наврӯзи тоҷикона медонем.

Сол то сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷашни Наврӯз бо рангу ҷилои тоза ва вижагиҳои муосир таҷлил мегардад. Ин мероси ниёгон ба бузургтарин ҷашни миллию байналмилалӣ, баҳору дӯстӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, бахшоиши узру гуноҳҳо, аёдати пирон, пок намудани хонаву кошона, сайру саёҳати оммавӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва маҷмуан ба мавсими фараҳи миллӣ табдил ёфтааст.

Фазилати дигари Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо мебошад, ки бо дуои неки собиқадорон ва пирони рӯзгордида бо пайравӣ аз иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба мубаддал намудани пойтахти азизамон ба “Шаҳри сабз” сокинони мамлакат дар хуррамгардонии Тоҷикистони азиз, дар ҳар гушаи мамалакат  саҳми назаррас гузоштанд. 

Воқеан ҳам Наврӯзи ҳуҷастапай дар Ватани азизи мо рамзи муҳаббату садоқат, эҳсону инсоният ва шукуфоии сарзамини аҷдодиамон мебошад. Боварии комил дорам, ки ин ҳама ободкориҳо моро ба самти рушду такомул раҳнамун мекунад ва зиндагии сокинони моро боз ҳам зебову рангин мегардонад. 

Мо ҷавонон ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва арзишҳои милливу муқаддаси худ арҷ гузорем ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ чун Наврӯзи аҷдодӣ муаррифӣ намоем.

Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Андароби ноҳияи Ишкошим

Next Post

Наврӯз – иди ниёгони мо

Next Post
Наврӯз – иди ниёгони мо

Наврӯз – иди ниёгони мо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.