• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Наврӯз зеботарин ҷашни миллати тоҷик аст! Дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони “Наврӯзи оламафрӯз – Иди аҷдодии миллати тоҷик” ҳамоиш доир гардид

Migration Service by Migration Service
19.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Наврӯз зеботарин ҷашни миллати тоҷик аст! Дар ноҳияи Варзоб таҳти унвони “Наврӯзи оламафрӯз – Иди аҷдодии миллати тоҷик” ҳамоиш доир гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 18-уми марти соли 2026 дар ноҳияи Варзоб тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷо бо бахши Хадамоти муҳоҷират ҳамоиш зери унвони “Наврӯзи оламафрӯз – Иди аҷдодии миллати тоҷик” таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроия Қосимзода Маҳтоб Пир, шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шаҳрия Аҳтамзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Ҳамроҳ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Варзоб” Маҷнуни Карим, мудири шуъбаи маориф Ҷафарзода Насриддин Файзулло ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим доир гардид, ки дар рафти он намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки баромадкунандагон роҷеъ ба мавзӯи “Наврӯзи оламафрӯз – Иди аҷдодии миллати тоҷик” баромад намуданд. Аз он ҷумла иброз доштанд, кӣ: – ба расидани қадами баҳор олам ранги дигар мегирад, табиат тозарӯ ва бо лаҳни мурғон таронагӯ мешавад. Олами зери барф ба дунёи афсона иваз мегардад. Чӣ хуш ва гуворост нафаси тозаи баҳор. Дилҳои лабрези фараҳ, шодию сурур ва пур аз ишқу муҳаббатро дида, бе ҳеҷ муҳабо кас таслими баҳор мегардад ва ӯро бо худ мехонад; – дар ин иди баҳори зебоӣ, яъне наврӯзи ҳуҷастапай, мардуми сарбаланди тоҷик бо густурдани хони наврӯзӣ иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, тозаву озода намудани хонаву кӯчаҳо, шинонидани дарахтон ва гулбуттаҳо машғул шуда, ҳамдигарро ба омадани ин иди накӯпай муборакбод менамоянд.

Ҳамзамон, ҳамдигарро барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бахшиши гуноҳ даъват намуда, баҳри бофайзу баракат омадани боз як соли дигар сари хони наврӯзӣ даст бар дуо мебаранд; – имрӯз бо эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз ҳаққи таърихии ин расми куҳан ва инсонпарварона барқарор гардидааст. Ҳамин тариқ, Наврӯзи тоҷикон дар саросари кишвари азизи мо, пас аз Истиқлолияти Тоҷикистон ботамоми рангорангиҳояш эҳё гардида, бо таровати тоза, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва аз ҳама муҳим чун ҷашни худшиносии миллӣ вориди зиндагии мо гардид.

Инчунин, ба Тоҷикистони азизамон боз насими баҳору қадами хуҷастапаи Наврӯзи Аҷам омад. Диёри зебоманзару кӯҳсори Варзоб симои худро чун арӯси сол боз ҳам зеботару дилкаштар мегардонад; – мо бояд фаромӯш насозем ва шукрона кунем, ки воқеан барои оммавӣ шудани Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Ин моро ба он ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дуру наздики худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият расем.

Бигзор ин ҷашни аҷдодӣ бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ арзонӣ дорад, сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад; – бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд. Ин ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо – тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад. Дар ин замина, фaзилaти Нaврӯз ҳaмчун ҷaшни пaйвaнди инсон бо тaбиaт дaр вусъaти aмaлҳои созaндaгиву ободкорӣ ифодa меёбaд.

Aз ин рӯ, мaрдуми мо чун aнъaнa бa пешвози Нaврӯз мaнзилу кошонa вa кӯчaву мaҳaли зисти худро тозaву обод мекунaнд, зеро фaйзу бaрaкaт дaр ҷоест, ки покизaгиву ободӣ бошaд; – хулоса, тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар гузаштаи начандон дур ҷашн гирифтани иди Наврӯз қариб, ки аз байн рафта, оинҳои он амалӣ карда намешуданд.

Ҳамзамон, давлатҳое низ буданд, ки ин иди аз ниёгон меросмондаро фаромӯш карда, ҷашн намегирифтанд. Бо азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё шуда, акнун дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳатто ҷашн гирифта мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Чорабинии иттилоотӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Лахш

Next Post

Ҷаласаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои ВНМО барои кормандони Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Ҷаласаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои ВНМО барои кормандони Хадамоти муҳоҷират

Ҷаласаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои ВНМО барои кормандони Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.