18 марти соли 2026 бо ташаббуси Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” барои кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон” дар мавзӯи “Саломатии муҳоҷирон ва сироятёбии ВИЧ” ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид.
Ҳадафи ин чорабинӣ баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи мавзӯи ВИЧ ва муҳоҷират тавассути муҳокима бо коршинос оид ба масъалаҳои мубрами имрӯза дар робита ба саломатии муҳоҷирон дар заминаи ВИЧ/СПИД мебошад.
Дар чорабинӣ Меҳриддин Холмурзаев, коршиноси Маркази ҳуқуқи башар бо маърӯза баромад кард ва мавзӯъҳои зерин баррасӣ шуданд: вазъи эпидемиологии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъият дар байни муҳоҷирон; равишҳои инноватсионии санҷиш бо истифода аз платформаи онлайн ва худсанҷишҳо; вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони гирифтори ВНМО дар Россия; ва саҳми созмонҳои ҷамъиятӣ дар пешниҳоди хизматрасонӣ ба муҳоҷирон.
Маркази захиравии муҳоҷират (ICMPD), минбаъд низ тасмим дорад, чунин семинару тренингҳоро барои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони Хадамоти муҳоҷират баргузор намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
