Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан вохӯрии судманд бо сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ибрози андеша ва қайд намуданд, бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.
Инчунии, оиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, риояи одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои ифротӣ, истифодаи ғайриқонунии барқ ва оқибатҳои он, муҳоҷирати бехатар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва инчунин саҳми сокинон дар корҳои ободониву созандагии ҳудуди шаҳраку маҳалла ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки аз 1 январи соли 2026 ҳаҷми арзиши пешпардохти собит (моҳона) аз рӯи андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, зиёд карда шудааст.
Бо меъёрҳои муқарраршуда дар минтақаи дахлдор метавонед тавассути пайвандаки зерин шинос шаванд:
Бо мақсади пешгирии маҳрум шудан аз ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ, тавсия медиҳем, ки пардохти НДФЛ-ро сари вақт анҷом диҳед. Дар поён, посухҳо ба саволҳои бештар додашаванда пешниҳод мегарданд.
Чӣ гуна метавонед санаи пардохти навбатиро фаҳмед?
Санаи таҳияи патент дар тарафи қафои он нишон дода шудааст. Ҳисобкунии давраи пардохтшуда аз ҳамин сана оғоз мегардад. Пардохт бояд то фаро расидани ҳамон санаи ҳар моҳ анҷом дода шавад.
Патентро кай бояд пардохт кард?
Тавсия дода мешавад, ки пардохт пешакӣ — 3–4 рӯз пеш аз анҷоми давраи навбатии пардохтшуда таъмин карда шавад.
Агар пардохт сари вақт анҷом дода нашавад, чӣ мешавад?
Дар сурати сари вақт пардохт накардани маблағ, муҳлати будубоши муваққатӣ тамдид карда намешавад. Дар ин ҳолат, шаҳрванд бояд то анҷоми муҳлати муқарраршудаи будубош (яъне то ба охир расидани як сол пас аз санаи таҳияи патент) ҳудуди Федератсияи Россияро тарк намояд.
Дар кадом муҳлат бояд огоҳинома дар бораи анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда шавад?
Шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор аст огоҳиномаро дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пешниҳод намояд. Корфармо бошад, бояд онро дар давоми 3 рӯзи корӣ ирсол кунад.
Огоҳиномаро чӣ гуна метавон пешниҳод кард?
Огоҳинома тавассути портали “Госуслуги” ба шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати ВКД (УВМ МВД) минтақае, ки шаҳрванд дар он ҷо фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, пешниҳод мегардад ё шахсан бо гирифтани тасдиқнома бо муҳри қабул супурда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

