• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирии ифротгароӣ ва мубориза бо он

Migration Service by Migration Service
30.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирии ифротгароӣ ва мубориза бо он
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бо ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар, тарғибу ташвиқот ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо пайваста роҳандозӣ мешаванд.

Дар яке аз суханрониҳои худ оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “…таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба пешгирии терроризму ифротгароӣ, пешгирии ҳодисаҳои зӯроварии шаҳрвандон равона карда шавад…”. Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо кардааст, ки мубориза алайҳи онҳо ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва хадамоти махсуси давлатҳои минтақаро тақозо менамояд.

Воқеаҳои дар Афғонистон, Ховари Миёна ва Украина рухдодаистода ва амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳанўз ҳам падидаҳои экстремистӣ, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хориҷии ифротгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар афзоиш доранд, ки ошкор намудан, бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта (ифротгароӣ) вазифаи на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна мебошад. Суръати густариши таҳдиди ифротгароӣ дар минтақа то ба ҳадде расида метавонад, ки инкор кардани меъёри таҳаммулпазирӣ, қонунҳо, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ афзун гардонад. Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишварҳо ин гуна ваҳшонияту кирдорҳо  маҳкум  гарданд ҳам, андешидани чораҳо оид ба пешгирии онҳо ногузир ва зарур аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки буҳрони иқтисодӣ, мавҷудияти муноқишаҳои наздисарҳадӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии меъёрии ҳуқуқӣ, ки баҳсҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин падидаҳои хавфнок ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў, муқовимат бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси маҷмўи  тадбирҳои байнидавлатӣ анҷом дода шаванд. Бо мақсади паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез, аз ҷумла тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, инчунин баҳри такмил додани ҳамкории давлатҳои Осиёи Миёна дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм зарурати роҳандозӣ ва такмил додани маҷмуи чораҳо муҳим аст. Дар ин самт муҳим аст, ки Барномаи байнидавлатии ёрии ҳамдигарӣ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм қабул гардад. Доираи амали ин шакли ҳамкории ҳуқуқӣ бояд на танҳо ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ, балки тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро дар бар гирад, ки эътимод ва сатҳи якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумро амалан инъикос намуда, зоҳиршавии ҳама гуна низоъро бартараф намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад”.

Бинобарин, ҳар як шаҳрванд бояд дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб саҳм гузорад. Тарбия ва таълими насли наврас, ҳамкорӣ бо мақомот ва бохабар будан аз таҳдидҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, балки масъулияти тамоми инсоният аст, танҳо тавассути ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мо метавонем ин таҳдидҳоро рафъ кунем.

Сафарзода Баҳодур,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

Previous Post

Шарҳу тавзеҳи Паём бо сокинони шаҳри Истаравшан

Next Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.