Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст. Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.
Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”. Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард. Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Яке аз санадҳои муҳиме, ки ба масъалаи тарбияи худшиносии миллии шаҳрвандони кишвар бахшида шудааст – “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар он тарбияи худшиносӣ яке аз ҷузъҳои асосии тарбия муқаррар шуда, дар боло бардоштани сатҳи огоҳии сиёсии ҳар фарди ҷомеа муҳим арзёбӣ гардидааст. Дар консепсияи мазкур таъкид мешавад: “Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд, донад, ки вазифаҳои ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад”. Воқеан, масъалаи тарбияи худшиносии миллӣ ба мавзӯи ҷойгоҳ ва вазифаи шаҳрванд дар назди давлат алоқаманд буда, шахс бо шинохти ҷойгоҳи хеш дар ҷомеа ва иҷро намудани вазифаҳои шаҳрвандӣ ва касбӣ на танҳо рисолати хешро анҷом медиҳад, ҳамчунин ба мақом ва зиндагии шоиста мерасад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳими тарбияи худшиносии миллӣ табдил додани шаҳрванди худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад, ки вазифаи худро дар назди оила, ҷамъият ва давлат дарк ва адо намуда, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорад. Агар ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бартарӣ додани манфиати гурӯҳӣ нисбат ба манфиатҳои милливу давлатӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ оварда расонид. Аз ин рӯ, муроҷиат ва таъкиди пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандон, махсусан ба ҷавонон, ки онҳо манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ боло бардоранд, маҳз ба ҳамин мақсад мебошад: “Ҳар як сокини мамлакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем”.
Маҳз боло рафтани худшиносии миллии насли ҷавон ба боло рафтани ҳисси ваатндӯстии онҳо таъсири назаррас гузошта, садди роҳи паҳн гардидани ҳаргуна ҳизбу созмонҳои ифротӣ дар ҷомеа мегардад.
Хайридинзода Исфандиёр, Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

