• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мақоми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
30.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мақоми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҳақиқат дар марҳилаи кунунии давлатдорӣ, ки марҳилаи гузариш маънидод карда мешавад, барои муайян намудани мавқеъ, манфиъат ва сиёсати дурусти идоракунӣ истифодаи тамоми неруҳои фаъоли ҷомеа, бахусус занон бениҳоят зарур аст.

Инро дарк карда Ҳукумати кишвар баъди дарёфти истиқлоли давлатӣ шароити мусоид барои таъмини ҳуқуқҳои занонро ба вуҷуд овард. Аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳбарияти олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву сунатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони занҳои фаъоли мамлакат 11 марти соли 2020 бахшида ба “Рӯзи Модарон” чунин иброз дошта буданд: “Бузургии зан –модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”. Истиқлоли давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

Ҳанӯз моҳи марти соли 1991 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин яке аз дастовардҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, дар байни давлатҳои мушаракулманофеъ таҷрибаи аввалин буд. Моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005” ва “Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан барои солҳои 2005-2020” қабул шуд.

Барномаи миллии мазкур, ки асосан беҳтар намудани саломатии занон, таъмини имконоти дастёбӣ ба таҳсилот, баланд бардоштани саводнокии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва сатҳи зиндагӣ, таъмин намудани ҳуқууқ ва имконоти баробар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани ҳаргуна шакли зӯроварӣ, паст кардани омилҳои номусоиди муҳити зист ба саломатии занон ва ғ. равон карда шудааст, тасдиқ гардид. Санади дигари тақдирсоз ин Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аст, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ дунявӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар таъкид месозад. Ба шарофти ин фармон имрӯз занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд. Мувофиқи ин Фармони Президент ба вазифаи яке аз ҷонишинҳои вазирони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, муовинони раисони вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, муассисаҳои давлатӣ номзадҳо аз ҳисоби занони қобилиятнок, босавод ва таҷрибаи корӣ дошта таъин карда мешаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз моҳи декабри соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” аз соли 2005, Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробари мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии занон дар сиёсат то соли 2020, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва ғ.ҳ. аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва тадбирҳое мебошанд, ки баҳри иштироки фаъолонаи занон дар хаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” тасдиқ гардид ва даҳҳо санадҳои дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода кардани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина гузоштанд.

Ин буд, ки иштироки занон дар рушди сиёсати давлатӣ, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни мамлакат давра ба давра афзоиш ёфт, ки инро ҳангоми таҳлили маълумоти оморӣ мушоҳида намудан мумкин аст.

Дар масири дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан-модар дар тарбияи насли наврас, мо зарур мешуморем, ки корро дар ин самт ривоҷу равнақ диҳем, то ки тарбияи насли ояндаи кишварро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монем.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Нашъамандӣ — вабои аср ва падидаи номатлуб

Next Post

Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Next Post
Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.