• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Migration Service by Migration Service
31.03.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” дар мавзӯи омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, идома дорад.  

 Бояд тазаккур дод, ки вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Федератсияи Россия дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ҷоннок карда шудааст.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, тавсия дода мешавад, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд.

Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.

Инчунин, барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:

1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);

2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”;

3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”.

Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои  сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва  ҳуҷати касбиро ҳатман бо худ гирифтан зарур аст. Пеш аз сафар ба шуъбаю бахшҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҷойи зист муроҷиат намуда, бори дигар вуруди худро ба Федератсияи Россия муайян намуда, баъдан азми сафар намоед.

Дар анҷоми суҳбату вохӯриҳо ба саволҳои сершумори шаҳрвандон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Next Post

Пешниҳод накардани огоҳинома – сабаби бекор намудани патент

Next Post
Пешниҳод накардани огоҳинома – сабаби бекор намудани патент

Пешниҳод накардани огоҳинома – сабаби бекор намудани патент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.