Бо мақсади пешгирии маҳрум шудан аз ҳуқуқи фаъолияти меҳнатӣ, Хадамоти муҳоҷират тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ огоҳиномаро сари вақт пешкаш намоянд.
Дар поён, посухи муфассал ба ду саволи муҳим:
1. Дар кадом муҳлат бояд огоҳинома дар бораи анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда шавад?
Шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор аст дар баробари корфармо худ огоҳиномаро дар давоми 40 рӯзи тақвимӣ пешниҳод намояд. Корфармо бошад, бояд онро дар давоми 3 рӯзи корӣ ирсол кунад.
2. Огоҳиномаро чӣ гуна метавон пешниҳод кард?
Огоҳинома тавассути портали “Госуслуги” ба шуъбаи масъалаҳои муҳоҷирати ВКД (УВМ МВД) минтақае, ки шаҳрванд дар он ҷо фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, пешниҳод мегардад ё шахсан бо гирифтани тасдиқнома бо муҳри қабул супурда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
