Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи вазорат Восиев Фаридун ба сухан баромада лоиҳаи “Кумак ба муҳоҷир” – ро ба ҳозирин шинос намуда, тарзи ба ин барнома пайваст шудан ва истифодаи онро ба муҳоҷирони ба ватан бозгашта фаҳмонида гузашт.
Инчунин қайд намуд, ки ба воситаи ин барнома онҳо имконият пайдо менамоянд, ки ҳангоми дучор шудан ба мушкили дар Федератсияи Россия ба ҳуқуқшиносӣ ботаҷрибаи ватанӣ Собиров Муҳаммад дар тамос шуда мушкилиҳои худро бартараф намоянд ва маълумотҳои ҳуқуқии ройгон пайдо намоянд.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони шуъба вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, доштани касбу кори мувофиқ, тарзи дуруст бастани шартнома бо корфармоён, зарурати патент ва дигар мушкилотҳои муҳоҷират ба иштирокдорони вохӯрӣ маълумоти зарурӣ доданд.
Вохӯрӣ бо саволу ҷавобҳои тарафайн ва ба иштирокдорон тақсим намудани брошюраи Хадамоти муҳоҷират ба анҷом расид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

