Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дода истодаанд.
Дар рафти суҳбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки тавассути ҳавопаймо ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия сафар мекунанд бори дигар оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират сухан ронда қайд карданд, ки шахсоне, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар доранд, ҳангоми убури сарҳади ин кишвар, ба сарҳадчиён маълумоти равшан пешниҳод намоянд ва ба саволҳои онҳо ҷавобҳои аниқ диҳанд.
Ҳамзамон, ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба давлати Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст. Хотиррасон менамоем, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикимстон дар ФР муроҷиат намоянд.
Инчунин, пеш аз сафар ба ин кишвар забони давлатии онро дар сатҳи муошират донанд, касби муносиб дошта бошанд ва қонунҳои будубоши ин кишварро риоя намоянд.
Ҳангоми ба кишвари Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, қайди муваққатӣ, шартномаи меҳнатӣ бастан бо кордиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро фаромӯш накунанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
