• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Хониши идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
09.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Хониши идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 9 апрели соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират хониши идоравӣ дар мавзуи “ Оид ба қонунгузории соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори шуъбаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ Муминзода Мумин  иштирок намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир баромад намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, чанд сухан дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар таҳрири нав сухан гуфтанд.

Сипас дар назди ҳозирин сардори шуъбаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ Муминзода Мумин баромад намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҷоди фазои мусоиди соҳибкорӣ, ҳавасманд намудани сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми маъмурӣ тадбирҳои васеи мукаммали ислоҳотиро дар самти низоми иҷозатдиҳӣ амалӣ менамояд, ки он заминаи устувори рушди соҳибкорӣ, таъмини шаффофият ва одилонагии равандҳои маъмуриро фароҳам оварда, дар рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ саҳми назаррас хоҳад дошт.

Дар доираи ислоҳоти соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ бояд қайд намуд, ки марҳилаи аввали ислоҳот дар ин самт аз соли 2004 оғоз гардида, дар натиҷа соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои мазкур дар доираи онҳо номгӯйи фаъолиятҳои иҷозатномашаванда аз 1000 номгӯй ба 72 номгӯйи фаъолияти иҷозатномашаванда ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 650 то ба 59 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ кам карда шуданд.

Соли 2023, дар робита нуқтаҳои қайдгардида ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри самаранок амалӣ гаштани ислоҳоти рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф гардид, ки вобаста ба беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар самти танзими муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо, инчунин то 60 фоиз коҳиш додани номгӯйи онҳо чораандешӣ намояд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо дар назар доштани таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар самти танзими муносибатҳои иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, такмил додани қонунгузории соҳа ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо, ки расмиёти ягонаи коргузориро дар тамоми мақомоти иҷозатномадиҳанда ва иҷозатдиҳанда дар бар мегирад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки он аз 22 июни соли 2023, №1968 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд ва татбиқи он, аз 1 сентябри соли 2023 мавриди амал қарор дода шуд.

Бояд қайд кард, ки Қонуни мазкур дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолиятҳо ва амали соҳибкориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамуданд, таҳия ва қабул карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 6 бобу 47 модда иборат буда, масъалаҳои муқаррароти умумӣ, принсипҳои низоми иҷозатдиҳӣ, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо ва муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Бинобар ин, мақомоти иҷозатдиҳандаро зарур аст, ки дар раванди амалӣ намудани ваколатҳо оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”-ро ба роҳбарӣ гиранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия таҳти № 34 аз 4 феврали соли 2025

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.