Санаи 9 апрели соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аз “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” дидан намуда, бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, суҳбату вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо доир ба тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фаҳмонида, тавсия доданд, ки бе асос ва маҷбуран ба ин кишвар сафар накунанд, қонунҳои будубоши ин давлатро дидаву дониста вайрон накунанд.
Инчунин, дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон дар мавзӯи муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, моҳияти Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои ба муҳоҷират вобаста дошта мебошад, ибрози андеша намуд.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, Хадамоти муҳоҷират аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россияро доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ба саволҳои сершумори шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои мушаххас дода, ба он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои бузурги дохили кишвар, тавсияҳои муфид доданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
