Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегии дастаҷамъона кормандон бо дарки баланди масъулияти ободонию созандагӣ ва истиқболи сазовори ҷашни Рӯзи пойтахт ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тозаю озода намудани дохил ва гирду атрофи бинои корхона ва гирду атрофи он, ки дар кӯчаи Айнӣ ноҳияи Шоҳмансур воқеъ мебошад, саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳамчунин, дар ин шанбегӣ дарахтон, буттаву гулҳо ба тартиб дароварда шуда, ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза карда, гирди дарахтонро нарму алафҳои бегонаи онҳоро чида гирифтанд.
Дар партави иқдоми ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корҳои ободонию гулпушнамоӣ ва сабзухуррамгардонӣ дар Хадамоти муҳоҷират бо назардошти имкониятҳои парвариши гулҳои мавсимӣ тадриҷан идома дорад.
Ҳамин тавр, дар Хадамоти муҳоҷират корҳои ободонӣ тавассути ташкилу баргузории ҳашару шанбегӣ ва дигар чорабиниҳои аҳамияти тарбиявию маърифати экологидошта пайваста идома дода мешавад. Шанбегию ҳашарҳои дастаҷамъона дар Хадамоти муҳоҷират доимӣ буда, аҳли роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ дар ободию зебогардонии пойтихти мамлакат шаҳри Душанбе саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
