Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва КИ ҲХДТ, дар кӯчаи Навоӣ Ҷамоати деҳоти Саидқалъа корҳои иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сатторова С., мутахассиси пешбари Бахши Хадамоти муҳоҷират, Эргашева Д., сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Тоҷибоев Ш., мудири бахши ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Мамадҷонзода Ҷ., сармутахассиси бахши дин ва танзими расму оинҳои мақомот иштирок карданд.
Масъулин ба иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро шарҳ дода, зикр намуданд, ки бо мақсади таҷлили арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, тозагии маҳаллаву муассисаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ зарур аст.
Ҳамзамон, ба чунин масъалаҳо таваҷҷуҳ дода шуд: пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавонон ба курсҳои омӯзиши касбӣ, ташвиқи онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ.
Сипас Сатторова С., дар бораи навгониҳои қонунгузории муҳоҷират, хусусан дар Федератсияи Россия, инчунин масъалаҳои марбут ба ҷинояткорӣ, радикализм, экстремизм, терроризм ва савдои одамон суханронӣ намуда, моҳияти хатарҳои мазкурро бо мисолҳои равшан шарҳ дод.
Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳо маводи иттилоотӣ ва брошюраҳо ба иштирокчиён пешниҳод гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

