Дар идомаи сафари хизматӣ гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Федератсияи Россия ба ватан боз гаштаанд, суҳбати самимӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатие, ки аз фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари Россия ба ватан бозгаштаанд, дар бораи бо вакантҳои ҷойи кори холӣ дар ширкатҳои ватанӣ таъмин намудани онҳо, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалбнамудан ва таҳсил дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, он нафароне, ки забонҳои хориҷиро медонанду хоҳиши дар давлатҳои хориҷа кору фаъолият намудан доранд, метавонанд ба МД “Агентии бокортаъминкунӣ ба хориҷа” ва “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки омодаи сафар ба Федератсияи Россия ҳастанд, ҳамсуҳбат шуда, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, тарзи дурусти ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

