Кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират суҳбату вохӯриро бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва муҳоҷироне, ки азми сафар доранд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дода истодаанд.
Дар рафти суҳбату вохӯрӣ доир ба мавзӯи бо ҷоий кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар дохили кишвар, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирӣ ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, арзёби мегардад.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд бо вакансияҳои ҷойи кори холӣ таъмин намудани онҳо дар ширкатҳои ватанӣ бо музди меҳнатӣ мувофиқ, ҷалби онҳо ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳои муфид дода шуданд.
Ҳамзамон, ба диққати шаҳрвандоне, ки азми сафари кишвари Россия доранд, расонида шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Инчунин, барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад: тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор), тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”, шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, изи даст, надоштани доғи судӣ ва ҳуҷати касбиро ҳатман бо худ гирифтан зарур аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

