Хадамоти муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳвандон мерасонад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ният доранд ба кишвари Россия бо кӯдакон сафар намоянд, бояд пешакӣ тартиби бақайдгирӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб намудани кӯдаконро ба назар гиранд.
Пас аз ворид шудан, ҳар як кӯдак бояд дар муҳлати муқарраргардида (барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 рӯзи тақвимӣ) ҳамроҳ бо падару модар ба қайди муҳоҷират гузошта шавад. Барои ин ҳуҷҷатҳои кӯдак (шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуд), корти муҳоҷиратӣ ва ҳуҷҷатҳои падару модар, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои иқомат лозим аст.
Кӯдакон дар ҳамон суроғае, ки падару модар сабт шудаанд, номнавишт мегарданд. Ҳангоми иваз намудани ҷои зист, бақайдгирӣ бояд сари вақт аз нав гузаронида шавад, то аз ҷаримабандӣ пешгирӣ гарданд.
Барои ба мактаб қабул кардани кӯдак ҳуҷҷатҳои зерин заруранд: аризаи падару модар, ҳуҷҷатҳои кӯдак, бақайдгирӣ дар ҷои иқомат, маълумотномаи тиббӣ ва дар сурати мавҷуд будан, ҳуҷҷатҳои таҳсилоти қаблӣ. Ҳамаи кӯдакон, новобаста аз шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ба таҳсил доранд.
Аз 1 апрели соли 2025 дар Россия санҷиши ҳатмии донистани забони русӣ барои кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз қабул ба мактабҳо ҷорӣ карда шудааст, ки ҳадафи он таъмини ҳамгироӣ ва азхудкунии забон мебошад. Дар сурати нагузаштани санҷиш, қабул ба мактаб имконнопазир аст ва кӯшиши такрорӣ пас аз се моҳ иҷозат дода мешавад.
Тавсия дода мешавад, ки пешакӣ мавҷудияти ҷой дар мактабҳо муайян карда шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода карда шаванд, то ки кӯдак сари вақт ба таҳсил омода ва фаро гирифта шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

