Имрӯзҳо бонувони Хадамоти муҳоҷират серкоранд онҳо бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва муҳоҷироне, ки азми сафари кишвари Россия доранд пурзӯр намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бонувони Хадамот бо муҳоҷирони меҳнатие, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба ватан бозгаштаанд ҳамсуҳбат шуда, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзии ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ расонида шуд, ки айни замон ширкатҳои зиёди Федератсияи Россия омодаанд шаҳрвандони моро бо тарзи муташакилона барои фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ҳуҷҷатгузорӣ, роҳкиро, музди меҳнат ва ҷойи хобро ба уҳда мегиранд. Хоҳишмандон метавонанд ба МД “Марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ муроҷиат намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандони ҷумҳурӣ расониданием, ки дар Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (кол центр) фаъолият дорад, шаҳрвандон метавонанд бо рақами 900800800 дар тамос бошанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
