Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират пайваста рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар – шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани атроф саҳмгузорӣ менамоянд. Санаи 25 апрели соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ аҳли иштирокунандагон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохил ва гирду атрофи Хадамот, тоза намудани замин аз алафҳои бегона дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Тозагиву поккорӣ, ободиву созандагӣ, зебою хушнамуд гардонидани муҳити зист, зинда гардонидану арзи ҳастӣ бахшидани табиат барои таъмини ҳаёти солим фоидаовар буда, ин амалҳо маҳсули дасти инсон мебошад. Инсоне, ки муҳит, ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, коргоҳу гулгаштро тоза намуда, ба ҳифзу покии он роҳ медиҳад. Муҳити пок аз ифлосиҳо кафолати солимии ҳар як нафар аст. Дар ҳақиқат, тозагӣ гарави саломатии одамон мебошад ва ҳар як нафарро зарур аст, ки ба табиат муносибати ғамхорона намуда, муҳитро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад, дар ҳифзи саломатии худу дигарон саҳм гузорад.
Бояд қайд намуд, ки ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ ба инсонҳо вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандии мо мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
