Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Мирон Ҷамоати деҳоти Танобчӣ ноҳияи Темурмалик суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинон баргузор гардид.
Дар мулоқот баромадкунандагон муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон барои китобхонӣ ҷалб намудан дар хонавода, бо назардошти боздид аз шароити фароҳам овардашуда ба фарзандон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ, шуғли пурмаҳсул, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, кишту кор, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати бехатар, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Инчунин, дар вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

