Бо як масъулияти баланд имрӯзҳо кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва муҳоҷироне, ки азми сафар ба кишвари Россия доранд дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон доир ба мавзӯи бо ҷоий кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар ширкатҳои ватанӣ, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид медиҳанд.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, дар бораи омодагӣ пеш аз сафар, пешгирӣ ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, маълумоти саҳеҳ пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла, ба диққати шаҳрвандоне, ки азми сафари кишвари Россия доранд, расонида шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад: тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор), тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслуги”, шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Инчунин, қайд гардид, ки ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, изи ангушт, надоштани доғи судӣ ва ҳуҷати касбиро ҳатман бо худ гирифтан зарур аст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

