Суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” аз ҷониби кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб идом дорад.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони бозгашта мутахассиси пешбари шуъба Абдулфайз Сафаров бо он нафароне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаанд бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ таъмин намудани онҳо дар ширкатҳои ватанӣ тавсияҳои муфид дода, таъкид ба он нафароне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, пеш аз ҳама бояд аз қонунҳои кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳангоми будубош ё давраи фаъолияти корӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ бошанд.
Айни замон, тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Инчунин, ҳангоми сафар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қабили шиносномаи тиббӣ, оиди надоштани бемориҳои сироятӣ, надоштани доғи судӣ ва њуљати касбиро њатман бо худ гирифтан зарур аст. Ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

