Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Куҳанбунёди Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Баромадкунандагон доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Қайд гардид, ки дар Паём Роҳбари давлат оид ба амалишавии Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 таҳлил намуда, оид ба сифатан иҷро намудани нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои миллат ва давлатдории навини тоҷикон дастуру ҳидоятҳо манзур намуданд. Инчунин, дар идома оиди амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз қайд намуданд.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба риояи қонунгузории кишвари ФР дар самти муҳоҷират, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Илова бар ин сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

