• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Нақши технологияи муосир дар ҳаёти ҷавонон

Migration Service by Migration Service
04.05.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши технологияи муосир дар ҳаёти ҷавонон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 ва роҳҳои пешгирии рафторҳои номатлуб

Дар замони муосир рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши интернет тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа аз аввалин истифодабарандагони ин имкониятҳо ба ҳисоб мераванд. Интернет ва воситаҳои рақамӣ ба онҳо шароити мусоид барои омӯзиш, таҳсил, иртибот ва рушди касбӣ фароҳам овардааст.

Имрӯз ҷавонон метавонанд тавассути платформаҳои онлайнӣ донишҳои навро аз худ намоянд, забонҳои хориҷӣ омӯзанд, бо навгониҳои илм ва техника шинос шаванд ва ҳатто малакаҳои касбии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, технология имконият медиҳад, ки ҷавонон ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ ворид шуда, бо ширкатҳои гуногун дар шакли фосилавӣ ҳамкорӣ намоянд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки интернет метавонад воситаи муҳими рушди шахсият ва пешрафти ҷомеа бошад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи нодуруст ва беназорати интернет метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Баъзе ҷавонон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бе самти муайян сарф мекунанд, ки ин боиси коҳиши сатҳи таҳсил, заиф шудани қобилияти фикрронӣ ва дуршавӣ аз масъулиятҳои иҷтимоӣ мегардад. Ҳамчунин, дастрасӣ ба иттилооти носаҳеҳ ва муҳтавои зараровар метавонад ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори онҳо таъсири манфӣ расонад.

Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои ҷиддии ҷомеаи муосир пешгирии нашъамандӣ ва рафторҳои номатлуб миёни ҷавонон мебошад. Нашъамандӣ яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ буда, на танҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад, балки ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоии ӯро низ хароб мекунад. Ҷавононе, ки ба ин роҳи хатарнок меафтанд, аксар вақт аз таҳсил дур шуда, ба мушкилоти вазнини иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Сабабҳои пайдоиши чунин рафторҳо гуногунанд: норасоии назорати оилавӣ, таъсири муҳити носолим, бетаҷрибагӣ ва камбуди маърифати ҳуқуқию ахлоқӣ. Аз ин рӯ, пешгирии ин падида бояд ҳамчун вазифаи муҳими  оила ва ҷомеа баррасӣ гардад.

Дар ин самт нақши  оила калидӣ буда ва баъдан мактабу ҷомеа хеле муҳим мебошад. Волидайн бояд ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, рафтору кирдори онро зери назорат гиранд. Муассисаҳои таълимӣ бошанд, бояд корҳои тарбиявӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқиро тақвият бахшанд. Омӯзгорон бояд ҷавононро ба роҳи дуруст, донишандӯзӣ ва тарзи ҳаёти солим ҳидоят намоянд.

Ҳамзамон, бо ташкил ва густариши чорабиниҳои варзишӣ, ва инчунин озмунҳо, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ  гузаронида мешаванд  ҳамчун воситаи муҳими пешгирии рафторҳои номатлуб хизмат карда истодааст. Ҷавононе, ки бо варзиш ва фаъолияти эҷодӣ машғуланд, одатан аз муҳитҳои зараровар дур мемонанд ва зиндагии солимро интихоб мекунанд.

Хулоса, технология ва интернет имкониятҳои бузург барои рушди ҷавонон буда, аммо истифодаи нодурусти он метавонад хатари ҷиддӣ ба вуҷуд орад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як ҷавон бо масъулияти баланд муносибат намуда, дониш, тарбияи ахлоқӣ ва тарзи ҳаёти солимро ҳамчун роҳнамои асосии худ интихоб намояд. Танҳо дар ин сурат метавон насли солим, босавод ва ватандӯстро ба камол расонд, ки тавонад ояндаи давлатро бунёд намояд.

Маҳмадуллозода Фируза, Сардори шуъбаи ташкили ва умумӣ

Previous Post

Барномаи таҷрибавии RuID то декабри соли 2027 тамдид гардид

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.