Кишвари азизамон Тоҷикистони офтобӣ дар заминаи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ ба мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз сар гузаронид, ки боиси хисороти зиёди пулию молиявӣ гардид.
Чӣ қадар талошҳову чӣ қадар заҳматҳо паси ин дастовардҳо ниҳон ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки баҳри пойдор мондани сулҳу субот пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои манфии сиёсии ҷомеа нақши муассири худро дошта бошанд.
Имрӯз дар ҷаҳон равандҳо ва падидаҳое арзи вуҷуд доранд, ки натанҳо ба як кишвар ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва тамоми мардуми сайёра таҳдид мекунанд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубест, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба вуҷуд оварда, майли густариши ҳама минтақаҳои ҷаҳонро дорад.
Терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ва дар оянда ҳамчун хатари хатарноки башарият ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд мекунад, роҳу усулҳои нави истифодаро касб мекунад.
Масалан, дар даҳ соли охир садҳо ҳазор нафар сокинони осоишта қурбони амалҳои террористию экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюб шуданд. Аз ин хатари марговар ҳалок шудани ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, бахусус қишри осебпазири ҷомеа, занону кӯдакон гувоҳи он аст, ки ин амали ваҳшиёна ба касе ва чизе раҳму шафқат надорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зурур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи худ ва дигарон амал намоянд.
Имрӯзҳо террористон бисёртар барои дар шуури ҷавонон бедор намудани ҳисси ифротгароӣ пайваста талош доранд. Кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ташкили гурӯҳҳои гуногун ба майнаи ҷавонон таъсир гузоранд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бошуур ва бомаърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон, ки қисми асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, набояд фирефтаи ин ақидаи бардурӯғи шахсиятҳои сиёсии ноаён шаванд, аз пайи андӯхтани илму маърифат шаванд, ахлоқи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносии худро рушду ғанӣ гардонида, дар таҳкими суботи куллии сиёсии Тоҷикистони азиз заминае гардад, зеро суботи амният, устувории мавқе дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту оромии марзҳои давлатӣ барои ҳар яки мо арзишҳои муҳим ва калидӣ мебошанд.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

