Дар доираи вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия, ва бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи маориф, бо шумораи зиёди волидайни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14-57 -и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҷалби фаъоли хонандагон ба донишандӯзӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инчунин ободонӣ ва тозагии муҳити муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон ва волидайн ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, истифодаи дурусти вақти холӣ ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои фоиданок тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Ҳамчунин, ба масъалаи ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо волидайн таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зикр шуд, ки танҳо дар ҳамбастагӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас дар самти таълиму тарбия ноил гардид.
Инчунин, дар вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, аз ҷумла Федератсияи Россия, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) суханронӣ намуд.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

